Аввали моҳи май ҳукумати Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020-ро тасдиқ намуд. Дар он зикр мегардад, ки айни замон ба дӯши дигар мақомоти давлатӣ вогузор шудани баъзе вазифаҳои вазорат мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла муассисаҳои нигоҳ доштани шахсони дар ҳолати мастӣ дар кӯчаву тангкӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дастгиршуда (ҳушёрхонаҳои Вазорати корҳои дохилӣ) ба дӯши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Вазифаи боздошт ва ба муассисаҳои тандурустӣ овардани ашхоси номбурда ба зиммаи милитсия боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, вазифаи Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ба Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон супорида мешавад. Гузаронидани корҳои профилактикӣ оид ба пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ба зиммаи милитсия боқӣ мемонад.
Дар Барномаи ислоҳоти милитсия қайд мешавад, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ таъсис додани Департаменти политсияи криминалӣ, Политсияи бехатарии ҷамъиятӣ ва Сарситоди Вазорат мувофиқи нақша ба роҳ монда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста