Табибон вазъи солимии консули Тоҷикистон дар музофоти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудиро, ки ба автомашинаи ӯ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта буд, қаноатбахш арзёбӣ мекунанд.
Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки консулро табибони ҷопонӣ дар яке аз дармонгоҳҳои музофоти Қундуз ҷарроҳӣ кардаанд. «Ҷарроҳӣ муваффақона анҷом ёфта, айни замон Рустам Маҳмудӣ худро хуб ҳис мекунад», - иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 16-уми май дар музофоти Бадахшони Афғонистон шахсони номаълум ба автомашинаи консули тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд , ки бар асари он дипломат захмӣ шуд.
Ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Афғонистон мавриди тафтиш қарор дорад. То ҳанӯз ҳеҷ касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Кобул сафоратхонаи Тоҷикистон ва дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои Тоҷикистон амал мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста