Шоми рӯзи 19-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот баррасӣ шуд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунии амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодасозии кадрҳои ин соҳа, аз ҷумла доир ба мубориза бо киберҷинояткорӣ ва ҳифзи иттилоот, зоҳир карда шуд.
Мин Ҷен Чжу изҳор дошт, ки “Тоҷикистон бо марзи тӯлониаш бо Афғонистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, аз ин хотир Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ки сохторҳои марбутаи ин кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд”.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста