Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон маълумот дар бораи гузаронидани тафтиш аз рӯи далели аз ҷониби собиқи раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло азхуд кардани маблағҳои пулиро рад мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ Суҳроб Қоҳирӣ хабар дод, маълумоти ВАО дар бораи аз ҷониби гурӯҳи махсуси муфаттишон, аз ҷумла кормандони Агентӣ мавриди тафтиш қарор додани ин далел асоси воқеӣ надорад. «Мо чунин тафтишот намегузаронем», - зикр кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» бо истинод ба як манбаъи муътамад дар ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки фаъолияти ин гурӯҳ тафтиши маблағи махсусан калони 46 миллион доллари амрикоӣ аст, ки аз тарафи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, собиқ раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар замони фаъолияташ дар ин мақом аз худ карда шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамзамон бо санҷиши фаъолияти 12-солаи Амонулло Ҳукуматулло дар мансаби раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» фаъолияти 40 ширкату корхонаҳои муталлиқ ба ӯ ё хешону наздиконаш низ санҷида мешавад.
Амонуллоҳи Ҳукуматулло бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2014 «бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» озод карда шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ бо пахши як хабар дар сомонаи расмии худ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки Вазорат вобаста ба хабарҳои дар ВАО чопушда, ки гӯё ВКД дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо маблағҳои азхудкардаи собиқ раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулоҳи Ҳукуматуллоро таҳқиқ мекунад, изҳор медорад, ки ин хабарҳо комилан нодуруст буда, асоси воқеӣ надоранд.
«Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ягон гурӯҳи вежаи муфаттишон таъсис дода нашудааст ва фаъолияти собиқ раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллоҳи Ҳукуматулло мавриди тафтишу таҳқиқ қарор нагирифтааст», - зикр мегардад дар хабари ВКД Тоҷикистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста