Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи политсия»-ро таҳия намуд, ки мутобиқи он минбаъд «милитсия» ба «политсия» табдили ном мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 38 модда иборат буда, қонуни моҳи майи соли 2004 қабулшудаи Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро иваз мекунад.
«Айни замон лоиҳаи қонун дар марҳилаи мувофиқасозӣ дар вазорату идорахои дахлдор қарор дошта, пас аз маъқул шуморидан аз ҷониби ҳукумат, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол мегардад», - гуфт манбаъ.
Дар идома зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни нав аслан меъёрҳоеро фаро мегирад, ки дар қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» ифода ёфтаанд.
«Барои ҷойивазкунии ҳайати раҳбарии политсия дар маҳалҳо дар қонун баргузор кардани назарпурсии иҷтимоии аҳолии минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст, ки дар ду сол як маротиба аз ҷониби Комиссияи ҷойивазкунии кадрҳои ВКД Тоҷикистон гузаронида мешавад», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста