Имрӯз дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ миёни як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ ва намояндагони мақомоти интизомӣ боз муноқиша рух дод.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ хабар дод, имрӯз кормандони мақомоти интизомӣ кӯшиш кардаанд, ки чанде аз сокинони шаҳри Хоруғро, ки ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо гумонбар дониста мешуданд, ба ҳабс бигиранд.
«Як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ ба ҳимояи ҳамдиёрони худ бархоста, дар натиҷа кормандони мақомоти интизомӣ аз силоҳи оташфишон истифода карданд», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, бар асари тирпарронӣ се нафар сокинони маҳаллӣ ҷароҳатҳои гуногун бардошта, яке аз гумонбаршудагон ба содир намудани ҷиноятҳо, сокини маҳаллаи Бархоруғ бо номи Собир кушта шудааст. «Ҷонибдорони кушташуда бинои милисаи шаҳри Хоруғро оташ заданд», - таъкид дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон миёни аҳолии шаҳр ва ҳукумати ВМКБ гуфтушунид ҷараён дорад. «Феълан вазъ дар Хоруғ нисбатан ором буда, вале дар маҷмӯъ ташвишовар аст», - афзуд сарчашмаи хабар.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июли соли 2012 нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба аз байн бурдани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ амалиёти махсус роҳандозӣ намуданд. Аъзои ин гурӯҳ ба қатли сардори Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ генерал А.Назаров рӯзи 21-уми июл айбдор карда шуданд.
Тибқи маълумоти расмӣ, рӯзи 24-уми июл зимни амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукумат 13 корманди мақомоти қудратӣ ва 30 ҷангиёни гурӯҳҳои ғайриқонунӣ куштаву боз 60 нафар ҷангиён боздошт шуданд. Дарҳол пас аз амалиёт аҳолӣ аслиҳа ва муҳимоти ҷангии сершуморашро ба мақомот супурд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста