Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маълумоти чанде аз васоити ахбори умумии ватаниву хориҷӣ дар бораи тариқи чархбол ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ сафарбар намудани беш аз 100 нафар сарбозону афсарони вазоратро рад кард.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз барои интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба шаҳри Хоруғ ҳеҷ зарурате нест. «То ҷое ман огаҳам, имрӯз вазъ дар Хоруғ пурра таҳти назорати сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят қарор дорад», - гуфт Маҳмадалиев.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов низ изҳор намуда буд , ки ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба шаҳри Хоруғ барои таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ зарурате нест.
Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти матбуоти раиси ВМКБ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳеҷ гуна гирдиҳамойӣ ба мушоҳида намерасад ва шаб оромона сипарӣ шудааст. «Қаблан дар майдони марказии шаҳр ҳеҷ гуна гирдиҳамойиву издиҳоми мардум ба мушоҳида нарасида, барои таҳқиқи ҳодисаи ахир дар Хоруғ комиссияи муштараки ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ таъсис дода шуд, ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти раиси ВМКБ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста