Сокинони Ишкошим бо талаби истеъфои сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия гирдиҳамойӣ барпо карданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ хабар дод, ба иллати рӯйдодҳо дар Ишкошим, имрӯз ҷараёни гуфтушунид муваққатан мутавақққиф шудааст. Сокинони ноҳияи Ишкошим даст ба эътироз зада, талаб доранд, ки сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия аз мансаб барканор шавад. Ӯ сокинони маҳаллиро носазо гуфтаааст, ки ба хашмгиниу норозигии аҳолӣ боис гардидааст.
«Барои муайян кардани сабабҳои сар задани ин ҳодиса мушовири президент оид ба масоили амният Шералӣ Хайруллоев ва муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов ба Ишкошим раҳсипор шудаанд», - гуфт манбаъ.
Ёдоварӣ шуд, ки моҳи майи соли гузашта низ аҳолии Ишкошим дар робита ба ҳодисаи марбут ба корманди КДАМ норозигӣ изҳор намуда буданд. Корманди КДАМ дар алоқаи шаҳвонӣ бо духтари ноболиғ гумонбар дониста шуда, минбаъд ба ду соли зиндони низоми умумӣ маҳкум шуда буд.
Дар мавриди гуфтушуниди ҷараёндошта дар Хоруғ миёни тазоҳургарон ва ҳукуматдорон манбаъ зикр кард, ки то имрӯз ҷараёни гуфтушунид муътадил идома дошт. «Талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ банд ба банд баррасӣ мешуд, ҷонибҳо оид ба мавқеашон ба муколама мепардохтанд ва дар маҷмӯъ гуфтушунид мусбат ҷараён дошта, ҷонибҳо ба ҳусни тафоҳум оид ба ҳар як банд умедворанд», - зикр кард манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми майи соли равон дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона миёни кормандони милиса ва гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд, ки ду нафарашон баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Як корманди милиса – Давид Ниёзбеков низ ҳалок шуд. Биноҳои Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, суди вилоят ва прокуратура ба коми оташ рафтанд. Шаби ҷумъа ба шанбе (23-24-уми май) зимни ҳамла ба бинои Раёсати КДАМ дар ВМКБ сокини 20-солаи шаҳри Хоруғ Азамат Паллаев кушта ва боз ду нафар сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.
Қаблан ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як изҳороте қабул намуда , дар он рӯйдодҳои хунини рӯзи 21-уми май дар шаҳри Хоруғро иқдоми тарҳрезишудаи мақомоти интизомӣ арзёбӣ кард. Дар ин гуфтушунидҳо бо намояндагони ҳукумат ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ-ро Музаффар Муборакшоев, ҳуқуқшинос Фаромӯз Эргашев, нафақахӯр Бахтовар Бахтиёров ва шаҳрванди бекор Хурсанд Мамадшоев намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин ба сифати нозирон ба ин рӯйхат раиси шӯрои маҳаллаи Хоруғи Боло Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, раиси шӯрои маҳаллаи «Хлебзавод» Толиб Айёмбеков, раиси шӯрои маҳаллаи УПД Зоир Раҷабов, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Ёғибек Ёғибеков, сардори Раёсати нерӯҳои мразбонии Бадахшон Холбаш Холбашев, раиси бахши ҲСДТ дар ВМКБ Алим Шерзамонов ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Номус ва инсоф» Улфат Мамадшоева шомил гардидаанд.




Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд
Тоҷикистону Эрон тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш диҳанд
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 феврали соли 2026
“Бебокиаш сабаб шуд, ки...”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст
Русия дастрасӣ ба “WhatsApp”-ро пурра баст. Акнун муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон тамос гиранд?
Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд
Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста