Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии кишвар, ки имрӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон муҳофизони марзу буми кишварро бо иди касбиашорн табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки Артиши миллӣ ва баъдан Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ амалан дар ҷойи холӣ, яъне бидуни таҳкурсии зарурии моддиву техникӣ таъсиси дода шудаанд. «Онҳо аз Иттиҳоди Шӯравии пошхӯрда ягон дона, силоҳ, ягон адад техникаи низомиву ягон дона тиру муҳимот нагирифтаанд», - таъкид дошт сарвари давлат.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки имрӯз дар қаламрави кишвар 34 гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла 5 гузаргоҳ барои парвозҳои байналмилалӣ, 4 гузаргоҳи байналмилалӣ дар роҳи оҳан, 24 гузаргоҳ дар роҳҳои мошингард ва як гузаргоҳи дарёӣ амал мекунад.
Ба гуфтаи сарвари давлат, дар зарфи 20 сол аз ҷониби сарҳадбонон зиёда аз 2400 ҳолати вайронкунии сарҳади давлатӣ ва беш аз 17 ҳазор нафар вайронкунандагони низоми гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ боздошт карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани беш аз 400 амалиёти оперативӣ аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 20 тонна маводи мухаддир, беш аз 1000 мил силоҳи оташфишон ва 306 ҳазор адад аслиҳаву муҳимоти гуногуни ҷангӣ мусодира карда шудааст.
Президент ҳамчунин зикр кард, ки дар давоми бист соли гузашта садҳо нафар, аз ҷумла имрӯз 15 нафар сарҳадбонони кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ ва ҳазорҳо нафари дигар бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста