Пас аз вохӯрӣ бо муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майор Абдулло Навҷувонов сокинони ноҳияи Ишкошими ВМКБ, ки рӯзи сешанбе бо талаби аз мансаб барканор кардани сардори Шуъбаи ВКД-и ноҳия даст ба тазоҳурот зада буданд, нимаи дуюми рӯз ба хонаҳояшон пароканда шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ хабар дод, муовини вазири корҳои дохилӣ талабҳои гирдиҳамомадагонро шунида, ваъда додааст, ки ба ин масъала расидагӣ ва онро ҳаллу фасл мекунад. «Шоми ҳамин рӯз ӯ аз Ишкошим ба Хоруғ баргашт», - иброз дошт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки ба иллати ин рӯйдод дар Ишкошим , ҷараёни гуфтушунид муваққатан мутаваққиф шуда буд. Сокинони ноҳияи Ишкошим даст ба эътироз зада, талаб доранд, ки сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия аз мансаб барканор шавад. Ӯ сокинони маҳаллиро носазо гуфтаааст, ки ба хашмгиниву норозигии аҳолӣ боис гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ, Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода рӯзи сешанбе ба шаҳри Хоруғ омада, имрӯз бо мақомоти раҳбарӣ ва намояндагонони аҳли ҷомеа мулоқот баргузор карданист.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста