Вазъи солимии захмиёне, ки дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳонаи рӯзи 21-уми май дар Хоруғ миёни сокинони маҳаллӣ ва мақомоти интизомӣ ҷароҳат бардошта буданд, рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз беморхонаи вилоятии ВМКБ хабар доданд, айни замон дар ин ҷо се нафар сокинони захмишудаи Хоруғ бистарӣ буда, боз се нафари дигари ҷароҳатбардошта рухсатӣ ва хориҷ аз бемористон муолиҷаи амбулаторӣ мегиранд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ дар маҷмӯъ 11 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, ки 9 тан аз онҳо шаҳрвандони мулкианд. «Рӯзи аввал се нафар – як корманди милисаву ду тан аз сокинони маҳаллӣ аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуда, баъдтар боз ду нафар аз аҳолии маҳаллӣ фавтиданд», - гуфтанд дар беморхона.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми майи соли равон дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона миёни кормандони милиса ва гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд, ки ду нафарашон баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Як корманди милиса – Давид Ниёзбеков низ ҳалок шуд. Биноҳои Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, суди вилоят ва прокуратура ба коми оташ рафтанд. Шаби ҷумъа ба шанбе (23-24-уми май) зимни ҳамла ба бинои Раёсати КДАМ дар ВМКБ сокини 20-солаи шаҳри Хоруғ Азамат Паллаев кушта ва боз ду нафар сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.
Қаблан ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як изҳороте қабул намуда , дар он рӯйдодҳои хунини рӯзи 21-уми май дар шаҳри Хоруғро иқдоми тарҳрезишудаи мақомоти интизомӣ арзёбӣ кард. Дар ин гуфтушунидҳо бо намояндагони ҳукумат ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ-ро Музаффар Муборакшоев, ҳуқуқшинос Фаромӯз Эргашев, нафақахӯр Бахтовар Бахтиёров ва шаҳрванди бекор Хурсанд Мамадшоев намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин ба сифати нозирон ба ин рӯйхат раиси шӯрои маҳаллаи Хоруғи Боло Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, раиси шӯрои маҳаллаи «Хлебзавод» Толиб Айёмбеков, раиси шӯрои маҳаллаи УПД Зоир Раҷабов, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Ёғибек Ёғибеков, сардори Раёсати нерӯҳои мразбонии Бадахшон Холбаш Холбашев, раиси бахши ҲСДТ дар ВМКБ Алим Шерзамонов ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Номус ва инсоф» Улфат Мамадшоева шомил гардидаанд.
Айни замон ҷараёни гуфтушунид миёни ҳукуматдорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста