Имрӯз дар маркази маъмурии ВМКБ вохӯрии собиқ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ва роҳбари ҳайати ҳукумат оид ба таҳқиқи ҳодисаҳои ахири Хоруғ Шералӣ Хайруллоев бо фаъолон ва пешвоёни шӯрои маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, вохӯрӣ дар фазои амну осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, дар он масъалаҳои минбаъд ба эътидол овардани вазъ дар шаҳри Хоруғ баррасӣ шудаанд.
Шералӣ Хайруллоев аз фаъолон ва пешвоёни маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ дархост кардааст, ки ба ҳалли осоиштаи вазъ мусоидат намуда, ба иғвогариҳо дода нашаванд. Фаъолони шаҳр дархости ӯро пазируфтаанд. Зикр гардидааст, ки сокинони шаҳр ба ҷараёни таҳқиқи ҳодиса дахолат намекунанд.
Рӯйдодҳои 21-уми май дар шаҳрро Хайруллоев «ғайримунтазира» унвон карда, изҳор доштааст, ки «он натанҳо барои шаҳри Хоруғ, балки барои тамоми ҷумҳурӣ нимгаронкунанда аст».
Ӯ итминон додааст, ки тафтиши ҳодисаҳо дар муҳлати кӯтоҳ, воқеъбинона ва беғаразона гузаронида мешаванд. «Тамоми гунаҳкорони муноқиша, сарфи назар аз намояндагони мақомоти интизомӣ ё каси дигаре будани онҳо, муҷозот хоҳанд шуд», - гуфтааст собиқ вазири мудофиаи кишвар.
Субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ба қарордод миёни ҳукумати ҶТ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бобати ба эътидол овардани вазъ дар Бадахшон протокол ба имзо расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста