Санаи 17 июни соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи ашхоси мансабдорони аршади идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайбаргузор гардид.
Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Намояндагони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай масъалаҳои барбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро муҳокима намуданд.
Хотиррасон менамояем, ки 19 июни соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон Машварати Панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар доранд, баргузор мегардад.
Дар рафти ҷаласа Тарафҳо масъалаҳои ҳамкории кишварҳои узви СҲШ, ки вазъият ва дурнамои рушди ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи муқобилият бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар бар мегирад, мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста