Чанде қабл дар қаламрави вилояти Хатлон аъзои ҳаракати «Толибон», ки дар шаш амалиёти низомӣ дар Афғонистон иштирок кардаанд, боздошт шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ шаҳрвандагон: Тошпулотов Умаралӣ Қиёмович соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус ва Кулбашев Комилҷон Абдумӯъминович соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, дастгир карда шуданд.
Онҳо соли 2014-ум дар ҳудуди вилояти Вазиристони Шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар таълимгоҳи махсуси динӣ аз шахсони ба тафтишот номаълум таълими динӣ ва малакаи экстремистӣ гирифта, баъдан дар шаҳри Ливараи Ҷумҳурии Исломии Покистон аз шахсони ба тафтишот номаълум бо номҳои “Мустафо” ва “Ҳамидулло” даъвати ҷиҳодро ҳамчун фарз қабул намуда, қасам (байят) ёд намуда, ба аъзогии “Ҳаракати Толибон” шомил шудаанд.
Инчунин, номбурдагон охирҳои моҳи майи соли 2014-ум аз марзи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо мақсади дар амалиётҳои ҷангӣ дар якҷоягӣ бо аъзоёни “Ҳаракати Толибон” ба муқобили қушунҳои ҳарбии ИМА, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалиётҳои зидди террористӣ мегузаронанд ба марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ворид гардидаанд.
Тошпулотов У. дар давоми солҳои 2010-2014, ҷамъ шаш маротиба дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёни “Ҳаракати Толибон” дар амалиётҳои ҷангӣ бар зидди қушунҳои ҳарбии ИМА иштирок намудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода, дар маҷмӯъ беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ иштирок мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста