Вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан орому босубот аст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони хадамотҳои марзбонӣ ва ниҳодҳои интизомии вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкории мутақобила баҳри таъмини сулҳу субот дар минтақа ва андешидани тадбирҳо барои минбаъд аз ҷониби тарафҳо истифода нашудани аслиҳаро баррасӣ намудаанд.
«Айни замон воҳидҳои Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар қитъаи марз бо Тоҷикистон дар реҷаи пурзӯр адои хизмат мекунанд. Гузаргоҳҳои назоратии Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд», - таъкид мешавад дар маълумоти Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳукумати шаҳри Исфара нисбатан ором будани вазъ дар марз бо Қирғизистонро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки ҳамаи роҳҳо дар марз бо кишвари ҳамсоя комилан кушодаанд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 10-уми июл дар деҳаи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара миёни марзбонони қирғиз ва сокинони маҳаллӣ муноқиша ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби марзбонони қирғиз, як сокини маҳаллии деҳа дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ҳамчунин 7 нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста