Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон 468 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳолат ё худ 2,4% зиёдтар аст.
Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки тамоили сабти бештари ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ба беҳтар шудани фаъолияти кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар самти ошкор кардани ҷинояткорон марбут мебошад.
«Қобили зикр аст, ки мушкили асосӣ дар ин самт ҷанҷолу занозанӣ ва муноқишаҳои дастаҷамъона миёни ноболиғон буда, мо талош дорем, ки ҳеҷ кадоме аз иштирокчиёни ин муноқишаҳо беҷазо намонанд, вале ба он такя хоҳем кард, ки миёни ноболиғон корҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шаванд, чунки танҳо бо ҷазо наметавон ин падидаро аз байн бурд», - гуфт Салимзода.
Бо ёдоварӣ аз ҳодисаи кордзанӣ миёни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳри Душанбе дар соли равон, ки бар асари он толибилми синфи 11-уми мактаби №66 Бурҳониддин Зарифов ба ҳалокат расид, прокурори генералӣ зикр кард, ки гунаҳкорони ин ҳодиса дар сурати собит шудани айбашон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста