Рӯзи 4-уми август дар вохӯрии сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо раҳбарияти сохторҳои қудратии вилояти Суғд сабабҳои сар задани муноқишаи навбатии наздимарзӣ рӯзи 2-юми август дар қитъаи заминҳои кишоварзии ин деҳа ва деҳаи Оқсойи Қирғизистон ва андешидани тадбирҳои минбаъд пешгирии чунин ҳодисаҳо баррасӣ шуданд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати шаҳри Исфара Собирҷон Рустамов ба «Ази-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ бо сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух сардори шуъбаи фаврии Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд Музаффар Пираков ва муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Субҳон Миралиев ҳузур доштаанд.
Ба қавли С.Рустамов, дар вохӯрӣ сокинони маҳаллӣ изҳор намудаанд, ки сабаби аслии сар задани муноқишаи ахир мавҷуд набудани заминҳо барои чаронидани чорвои аҳолии деҳаҳои Тоҷикистон ва манъи дастрасӣ ба чарогоҳҳои Қирғизистон аст.
«То замоне, ки масъалаи дастрасии бемамониат ба чарогоҳҳо ва дар маҷмӯъ масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марз ҳаллу фасл нашавад, пешгирии чунин муноқишаҳо хеле мушкил аст», - гуфтаанд зимни вохӯрӣ сокинони маҳаллӣ.
Ба иттилои манбаъ, сокинони маҳаллӣ ҳамчунин қайд кардаанд, ки аллакай тобистон ба охир мерасад, вале комиссияи байниҳукуматии кишварҳо то ҳол сари масъалаи дастрасии аҳолии деҳаҳои Тоҷикистон ба чарогоҳҳо ба хулосаи мушаххасе нарасидаанд.
Зимнан зикр гардид, ки дар навбати худ сардори шуъбаи фаврии Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд Музаффар Пираков ба сокинони маҳаллӣ шарҳ додааст, ки айни замон ҳукумати кишвар ба ҳалли мушкилоти таъйин ва аломатгузорӣ дар марз ва дигар масоили марбут ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри ҳалли ҳарчи зудтари он ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад. «Ӯ ҳамчунин аз сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон даъват кард, ки босабру таҳаммул бошанд», - афзуд манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста