Чанде қабл ба муносибати иди касбии десантчиёни тоҷик дар машқгоҳи ҳарбии Фахрободи вилояти Хатлон чорабинии бошукӯҳи ҷашнӣ ва тамринҳои низомӣ доир гардид. Дар чорабинии бошукӯҳи идона, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо, раиси вилояти Хатлон, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, собиқ десанчиён, наздикону пайвандони сарбозон ва меҳмонони зиёд гирд омада буданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар машқҳои низомӣ, ҷузъу томҳои як баталёни ҳамлаовари десантӣ ширкат намуда, чархболу ҳавопаймоҳҳои ҳарбиву нақлиётӣ, техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, яроқу аслиҳаи сабуки оташфишон ва дигар лавозимоти ҳарбӣ истифода гардиданд.
Гуфта мешавад, расми гузашти ҳарбии афсарону сарбозон аз назди минбар ва ҳайатҳои роҳбарӣ, яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбахши чорабинӣ ба муносибати иди касбии десантчиёни тоҷик гардид.
Бригадаи десантӣ-зарбавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан соли 1997-ум дар заминаи як баталёни десантӣ таъсис ёфта буд ва он то соли 2003-юм ба ҳайси як воҳиди алоҳидаи низомӣ дар ҳайати Артиши миллӣ фаъолият менамуд. Дар доираи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ё худ зимни ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллӣ моҳи сентябри соли 2003-юм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тобеияти Вазорати мудофиаи мамлакат Қӯшунҳои зудамал ташкил карда шуд, ки ҳама қисмҳои низомии десантӣ ба ҳайати он шомил гаштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста