Рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо иштироки роҳбарони раёсатҳои вилоятии Агентӣ ҷаласаи видеоӣ баргузор намуд.
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа масъалаҳои омодагиҳо барои зимистонгузаронӣ, тайёриҳо барои дар сатҳи лозима гузаронидани ҷашнҳои дар пеш истода ва натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дар моҳи июли соли равон баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои мнабаъ, ҳисоботи сардорони Шӯъбаи молиявӣ хоҷагӣ ва раёсатҳои вилоятии Агентӣ доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шунида шуда, директори Агентӣ диққати ҳозиринро барои ҳар чӣ зудтар бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда равон карда, масъулин ва вақти бартараф намудани онҳоро муқаррар намуд.
Гуфта мешавад, доир ба натиҷаҳои фаъолият дар моҳи июли соли равон Р.Назарзода таъкид намуд, ки он ба талаботе, ки президент зимни суханрониашон дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии ҶТн (10 июли соли 2014) дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштанд, ҷавобгӯ нест.
Қайд карда шуд, ки корҳои оперативӣ барои ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб ҷоннок карда шаванд. Парвандаҳои ҷиноятии боздошташуда ва парвандаҳое, ки аз парвандаҳои асосӣ ҷудо карда шудаанду нисбати ҷинояткорон кофтуков эълон карда шудааст, бояд аз сари нав пурра омӯхта шуда, нисбати шахсони гунаҳкор ҷораҳои мурофиавӣ андешида шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста