Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маълумоти чанде қабл интишоргардида дар ВАО-и хориҷӣ дар бораи оғози хурӯҷи воҳидҳои пурзӯршудаи милиса ва артиш аз маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғро рад карданд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки баъде чанде аз бетартибиҳои моҳи май дар Хоруғ, ки бар асари он се нафар сокинони маҳаллӣ ва як корманди милиса ба ҳалокат расида буданд, ба маркази маъмурии ВМКБ нерӯ ва воситаҳои иловагии вазорат сафарбар нашуда буданд. «Барои ба Хоруғ сафарбар намудани нерӯ ва воситаҳои иловагӣ ҳеҷ зарурате набуд ва нест», - иброз дошт ӯ.
Сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов низ сафарбарии воҳидҳои иловагии мақомоти милиса ба шаҳри Хоруғ дар моҳи майро рад кард. Ҳарду ҳам зикр карданд, ки чун нерӯ ва воситахои иловагӣ сафарбар нашуда буданд, пас барои хориҷ кардан ҳам чизе нест.
Дар робита ба маълумоти нашршуда оид ба аз ҷониби ҳукуматдорони шаҳри Хоруғ ба низомиён манъ кардани ҳузур доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибос ва лавозимоти ҳарбӣ, Ф.Маҳмадалиев ва Ҷ.Садриддинов таъкид намуданд, ки бо фармони президенти ҷумҳурӣ ҳанӯз аз соли 1999 ба кормандони сохторҳои қудратӣ ҳузур доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибос ва лавозимоти ҳарбӣ манъ шудааст.
«Ғайр аз ин, бо фармони вазири мудофиаи кишвар тартиби дар бар доштани сарулибоси ҳарбӣ муқаррар шудааст, ки мутобиқи он хизматчии ҳарбӣ ба ҳузур доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибос ва лавозимоти ҳарбӣ ҳуқуқ надорад», - таъкид кард сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа.
Дар мавриди мълумоти интишоргардида бобати муташанниҷ шудани вазъ дар Хоруғ баъди қатли ду сокини маҳаллӣ шаби рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта, Ҷ.Садриддинов зикр кард, ки вазъ дар шаҳри Хоруғ орому амн буда, сокинони маҳаллӣ ба тафтиши парвандаи ҷиноии аз рӯи ин ҳодиса бозшуда мусоидат мекунанд.
«Гурӯҳи фаврии тафтишотӣ, ки шахсан аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ барои тафтиши ин ҷиноят ба Хоруғ сафарбар шуд, дар шаҳр машғули таҳқиқи ҳодиса мебошанд», - иброз дошт сардори маркази мтабуоти ВКД ҶТ.
Ёдрас мекунем, ки вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода ҷараёни тафтиши қатли ду сокини шаҳри Хоруғ Сайёд Охонқадамов ва Далер Хушдиловро шахсан зери назорат гирифт.
Ҷасадҳои онҳо бо ҷароҳатҳо аз тири силоҳи оташфишон дар мавзеи Наводаки наздик ба шаҳри Хоруғ дар дохили автомашинаи сиёҳшишаи тамғаи «Мерседес бенс-600» дарёфт шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста