Тибқи нақшаи Бозрасии марказии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа қарор ҳафтаи равон аз ҷониби кормандони Бозрасии марказии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа дар ҳамоҳангӣ бо намояндагони Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе дар кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт рейд гузаронида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, зимни рейди муштарак аён гардид, ки новобаста аз он, ки дар ин самт аз ҷониби масъулини соҳа амалиётҳои пешгирикунанда гузаронида мешавад, то кунун ёфт мешаванд нафароне, ки дар вақти идора кардани нақлиёти давлатӣ мансуб ба вазорату идораҳои дахлдори қудратии кишвар бе ҳуҷҷатҳои лозима ба хати сайр мебароянд.
Зимни ташкили рейди мазкур, инчунин аз ҷониби масъулон ҳолати аз муоинаи техникӣ нагузаштани автомашинаҳо, варақаи сафарии мӯҳлаташон гузашташуда, ба манфиати шахсӣ истифода намудани автомашинаҳои хизматӣ ва дигар ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ошкор ва нисбаташон тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки нозирони Бозрасии марказии ҳарбии автомобилӣ ҳамарӯза ҳаракати автомашинаҳои хизматиро дар дидбонгоҳҳои таиншуда, мувофиқи вазифаҳои хизматӣ мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Илова бар ин, барои сари вақт пешгирӣ намудани қоидавайронкуниии ронандагон дар роҳҳои нақлиёт, тибқи нақша, дар ҳамоҳангӣ бо кормандони прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо рейдҳои муштарак низ доир менамоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста