Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар дар саҳни Вазорати корҳои дохилӣ маросими тантанавии қасамёдкунии курсантоне, ки имсол ба Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дохил шуданд ва кормандоне, ки нав ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул шудаанд, бошукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин маросими бошукӯҳ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода, роҳбарияти раёсатҳо, собиқадорон, ҳайати шахсии ВКД, падару модарон ва наздикони шунавандаҳо ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин маросими савгандёдкунӣ 140 нафар афсарони ҷавон, ки аз ин 64 нафарашонро шунавандагони Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи ВКД Федератсияи Россия ташкил медоданд, ботантана қасам ёд карданд.
Пас аз савганд ёд кардан афсарони ҷавон дар сафҳои воҳидҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилии кишвар ба фаъолият мепардозанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста