Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд семинар-ҷаласа дар мавзӯи «Коркарди оперативӣ-агентурӣ: ташкил ва тактикаи мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ (ГМҶ)» оғоз гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, семинар-ҷаласаи мазкур, то 20-уми августи соли равон идома ёфта, он асосан ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бахшида шудааст.
Дар ин семинар намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла аз ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадор, Хадамоти гумрук, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Вобаста ба самтҳои фаъолияти оперативӣ дар мавзӯҳои гуногун мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухориев Мансур Ғоибович, муовини сардори Академия полковники милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, полковники милитсия Қосимова Маҳбуба Абдунабиевна маърӯза хоҳанд кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста