Дар доираи амалиётҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД Тоҷикистон таҳти унвони «Сирена» (Бонг) ва «Техосмотр» (Азназаргузаронии техникӣ) аз 10 то 20-уми август дар саросари кишвар беш аз 300 қонуншиканӣ ошкор карда шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, дар ҷараёни амалиёти «Сирена», ки ба ошкор кардани автомашинаҳои дорои таҷҳизоти бонгдиҳии беҳад баланду гӯшхарош мебошанду боиси нороҳатии аҳолӣ гардидаанд, 6 воситаи нақлиёт боздошт ва рақамҳои давлатии онҳо гирифта шудаанд.
«Нисбати ронандахои ин воситаҳои нақлиёт санадҳо дар бораи қонуншикании маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои чораҷӯӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардиданд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар доираи амалиёти «Техосмотр», ки ба ошкор кардани автомашинаҳои саривақт аз муоинаи техникӣ нагузашта ва боҷҳои давлатиро пардохтнакарда равона шудааст, беш аз 300 автомашина ба майдони ҷаримавӣ мунтақил шудааст. «Моликони ин автомашинаҳоро ҷаримаҳо дар ҳаҷми зиёд интизоранд», - афзуд сарчашмаи хабар.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста