Аз охири ҳафтаи гузашта ҳукуматдорони ноҳияи Ботканди Қирғизистон ба азсаргирии сохтмони роҳи Оқсой – Тамдик, ки тариқи қаламрави самти Исфараи марзи давлатии Тоҷикистон мегузарад, талош меварзанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як сарчашмаи огаҳ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, кӯшишҳои кишвари ҳамсоя ҷиҳати дубора шурӯъ намудани сохтмони роҳ бо истинод ба иҷозати Вазорати нақлиёти Қирғизистон мухолифи аҳду паймони қаблан бадастомада миёни кишварҳо мебошад.
«Комиссияи байниҳукуматии кишварҳо дар сатҳи муовинони нахуствазир аввали моҳи июл ба тавофуқ расида буданд, ки сохтмони роҳи Оқсой – Тамдик метавонад дар як вақт бо сохтмони роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки ин маҳаллаи аҳолинишини Тоҷикистонро аз ҷазирақаламрав берун меовард, оғоз гардад. Он замон намяондагони ҳарду ҷониб ҷиҳати омӯзиши якчанд варианти ҳалли ин мушкилот ба созиш расида буданд», - таъкид кард манбаъ.
Ба қавли манбаъ, ин талошҳои ҷониби Қирғизистон ҷиҳати дубора оғоз кардани сохтмони роҳи Оқсой – Тамдик ба норозигии аҳолии наздимарзии Исфара боис мегардад, вале алҳол ҳукуматдорони маҳаллӣ вазъро зери назорат доранд.
«Мақомоти шаҳрдории Исфара ба унвони ҳукумати ноҳияи Ботканд оид ба ин масъала якчанд мактуб равона кард, вале то ҳол ба ҳеҷ кадоме аз онҳо посух нагирифтааст», - афзуд сарчашмаи хабар.
Ёдрас мекунем, ки кӯшишҳои кишвари ҳамсоя ҷиҳати азсаргирии сохтмони роҳи мошингарди Оқсой – Тамдик моҳи январи соли равон ба муноқишаи мусаллаҳона миёни сарҳадбонони ҳарду кишвар оварда расониданд, ки бар асари он аз ҳарду ҷониб якчанд нафар захмӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста