Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сардори Намояндагии Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лайлӣ Мошириро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хонум Лайлӣ Моширӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар масоили ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону ноболиғон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон таъсис дода шудааст, ки дар самти мазкур бо ноболиғону ҷавонон фаъолият менамояд.
Хонум Лайлӣ Моширӣ дар навбати худ изҳор намуд: «Ба наздикӣ фаъолияти ман ҳамчун сардори Намояндагии Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, бинобар ин мехоҳам бо арзи адаб ба Шумо барои таваҷҷӯҳи вежа зоҳир намудан ба ин самти муҳими ҷомеа - масоили кӯдакон ва ҳамкориҳои самаранок изҳори сипос намоям».
Гуфта мешавад, дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз густариш ёфтани ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста