Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта нахуствазири Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳимро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, зимни мулоқот нахуствазири кишвари ҳамсоя муҳиму рӯзмарра будани масоили марзӣ миёни кишварҳоро зикр карда, изҳор намуд, ки ҳалли ин масоил таваҷҷуҳи бештари дуҷонибаро тақозо мекунанд ва барои ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзӣ, ба итмом расонидани кори минбаъдаи аломатгузорӣ ва таъйини хатти марз миёни кишварҳо зарур аст.
«Пас аз расидан ба истиқлолият миёни кишварҳои мо мушкилоти сиёсӣ мавҷуд набуда, муносибатҳои ҳамҷаворӣ хуб инкишоф меёбанд, ки густариши бештари онҳо зарур аст. Барои тавсеъаи ҳамкориҳои тичоративу иқтисодии дуҷониба ҳукумати Қирғизистон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки дар фурсати наздиктарин сохтмони роҳи Ӯш – Исфанаро ба охир расонад», - гуфтааст Ҷоомарт Оторбоев.
Ҳамчунин нахуствазири кишвари ҳамсоя гуфтааст, дар баробари ҳаллу фасли масоили марзӣ, минбаъд рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқи мақсад аст.
Дар навбати худ Иброҳим Азим низ густариши робитаҳои дуҷониба дар ҳама самтҳоро муҳим хонда, изҳори итминон кардааст, ки минбаъд ҳамкориҳо миёни кишварҳо густариши бештар пайдо хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Азим Иброҳим рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта ба Бишкек сафар карда, рӯзи 28-уми август дар ҷаласаи навбатии комисссияи байниҳукуматии тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили дуҷониба иштирок кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста