Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба рӯйдодҳои ахири Украина ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки эҳтимоли ҷалби шаҳрвандони кирояи тоҷик ба низоъи мусаллаҳона дар Украина бузург аст.
Ҳуқуқшинос бар ин назар аст, ки сатҳи пасти зиндагии аксари аҳолии кишвар ва бекорӣ метавонанд гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ивази пардохти маблағ аз ҷониби доираҳои манфиатдори Русия ва Украина, ба иштирок бо яроқ дар даст дар низоъи мусаллаҳонаи шарқи Украина таҳрик бидиҳанд.
«Имрӯз муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, ки шуморашон беш аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад, барои ҷалб ба низоъи Украина осебпазиранд ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ бо ҳимоя таъмин набудани онҳо ба ин мусоидат мекунад», - иброз дошт Ш.Ҳакимов.
Муовини раиси ҲСДТ мутмаин аст, ки муҳоҷиронро баҳри иштирок дар муноқишаи Украина ҳам доираҳои муайяни Украина ва ҳам Русия сафарбар карда метавонанд.
Ӯ зикр кард, ки аз мавқеъи имрӯзаи ҳукумати расмии Тоҷикистон нисбати буҳрони Украина комилан ҷонибдорӣ мекунад.
«Ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ миёни Тоҷикистону Украина муносиботи ҳамкориву дӯстона роҳандозӣ шудааст ва ҳукумати моро зарур аст, ки онҳоро гиромӣ», - афзуд Шокирҷон Ҳакимов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста