Дар охири моҳи августи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи гузаронидани семинарҳои таълимӣ-методӣ барои муовинони командирони қисмҳои ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба корҳои тарбиявӣ семинари омӯзишӣ гузарониданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, ба иштирокчиёни семинар дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи марказӣ, дар бораи навъҳои нави маводи нашъаовар, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар муомилоти ғайриқонунӣ мавҷуд мебошанд, иттилоот дода шуд.
Қайд гардид, ки сарҳадбонони тоҷик дар хатти аввали мубориза бар зидди маводи нашъаовар қарор доранд ва бурдани муборизаи беамон бар зидди ин падидаи номатлуб аз онҳо вобастагии калон дорад.
Гуфта мешавад, гузаронидани ин гуна семинарҳо аз тарафи кормандони Агентӣ то охири сол ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста