Ахири ҳафтаи равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии муовини Директори Агентӣ полковники х.н.м.н. Ҳалимҷон Маҳмудзода бо Мудири кулли умури байналмилалии Ситоди мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Маҳмуди Баёт баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Ситоди мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ гардиданд.
Инчунин масъалаи кушодани ҷиноятҳои вобаста бо паҳн намудани маводи нашъаовари синтетикӣ муҳокима гардид. Тарафҳо қайд намуданд, ки ин амалҳои номатлуб ҷомеаро бетараф монда наметавонанд, чунки маводи нашъаовари синтетикӣ асосан дар муассисаҳои дилхушӣ дар байни ҷавонон паҳн карда мешаванд, ва оқибат ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонанд.
Ба иттили манбаъ, полковник Маҳмудзода Ҳ. қайд намуд, ки танҳо дар соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Агентӣ якчанд ҷинояти вобаста ба паҳн намудани маводи нашъаовари синтетикӣ пешгирӣ карда шуд ва аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки бо интиқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ машғул буданд, дастгир карда шуданд.
Гуфта мешавад, дар нутқи ҷавобии худ ҷаноби Баёт муовини Директорро барои ҳамкорӣ арзи сипос кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста