Дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон кормандони милисаи кишвари ҳамсоя шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Фаластин азми сафар дошт, боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Ӯш, рӯзи 11-уми сентябр қабл аз парвоз ба Туркия, тақрибан соати 02-00-и шаб тибқи маълумоти фаврии қаблан расида кормандони милиса сокини 45-солаи ноҳияи Спитамен Комил Раҳматовро боздошт намудаанд.
Ба иттилои мнабаъ, дар нахустин бозпурсӣ Раҳматов иқрор шудааст, ки нияти кумак «ба бародарони мусалмони худ»-ро дорад. «Изҳор намуд, ки дигар ба дидани азияти фаластиниҳо аз дасти яҳудиҳо сабр карда наметавонад ва то охир бо ин роҳ рафтанӣ аст. Гуфт, барои дастрас кардани билет то Туркия гови худро фурӯхта, тариқи Туркия ба Фаластин роҳ ёфтанӣ будааст. Аз қавли боздоштшуда, яроқро ӯ дар Фаластин дастрас мекардааст. К.Раҳматов падари 4 фарзанд буда, танҳо маълумоти миёна дорад. Қаблан барои авбошӣ муҷозот шуда, ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати сархушӣ ба ҳамдеҳаи худ зарари моддӣ расонидааст», - зикр мегардад дар хабари Раёсати корҳои дохилӣ.
Гуфта мешавад, Раёсати корҳои дохилии вилояти Ӯш дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус аз рӯи ин далел корҳои фавриву тафтишотӣ анҷом медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста