Дар робита ба чанде қабл дар васоити ахбори умум паҳн гардидани маълумот дар бораи гӯё дар ҳудуди вилояти Перми Русия ҳангоми фурӯши героин ба даст афтодани як сарояндаи шинохтаи тоҷик, дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти расмӣ интишор шуд.
Дар маълумот гуфта мешавад, Хадамоти федералии назорат ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Русия оид ба вилояти Перм шаҳрванди Тоҷикистон Қаҳрамони Шарифзодро зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди Прикамяи вилояти Перм бо зиёда аз ним кило «героин» дастгир намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки Қаҳрамони Шарифзод, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, дар қайдҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчун истеъмолкунанда ва фурӯшандаи маводи махаддир сабт шуда, номбурда ба санъати тоҷик ягон муносибат надорад.
Ёдрас мекунем, ки Раёсати Хадамоти федералии назорати гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Русия дар кишвари Перм дар бораи боздошти зодаи Тоҷикистон , ки ба паҳнкунии маводи мухаддири героин дар ҳаҷми зиёд машғул будааст, иттилоъ дода, қайд карда буд, ки боздоштшуда сарояндаи маъруфи эстрада дар Тоҷикистон будааст, ки ҳатто дар барномаи солинавии телевизиони тоҷик ширкат варзидааст,
«Дар ин қаламрав ӯ муддати се моҳ иқомат дошта, роҳу тарз (канал)-и устувори фурӯши маводи мухаддирро роҳандозӣ намуд. Баъди мавриди назорати кормандони фаврӣ қарор гирифтан, як қатор далелҳои аз ҷониби ӯ фурӯхта шудани миқдори героини беш аз 100 граммӣ ошкор гардид. Зимни амалиёт дар маҷмӯъ зиёда аз ним кило маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шуд», - зикр гардида буд дар хабари сомонаи расмии хадамот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста