Рӯзи 20-уми сентябр вохӯрии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо муовини вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Вэй доир гардид.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни мулоқотт тарафҳо масоили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин оид ба амалисозии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм табодули афкор сурат гирифт.
Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар Тоҷикистон гузаронидани машқҳои муштараки низомӣ-тактикӣ дар шароити кӯҳсор мавриди муҳокима қарор дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста