Дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳафтаи равон бо ҷалби ҳайати шахсии афсарону прапоршикони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти раҳбарии муовинони вазири мудрфиа машғулиятҳои таълимии тирпарронӣ аз навъҳои гуногуни яроқ доир гардид.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқҳо, нуқтаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо шароити техникӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ташкил карда шуда, нахуст ҳайати шахсии ҷамъомада, дар нуқтаҳои таълимии машқгоҳ ба омӯзиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуданд.
«Афсарони масъул, ки машғулиятҳои таълимиро роҳбарӣ менамуданд, барои дар амал татбиқ намудани тамоми барномаҳои омӯзишӣ, ҳайати шахсии ба ҷамъомад ҷалбгардидаро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, аз аслиҳаи оташфишони сабуки ҷангӣ тирпаронӣ намуданд», - омадааст дар иттилои Вазорати мудофиа.
Гуфта мешавад, чунин машғулиятҳо ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳарбӣ-сиёсии афсарони ҷавон, мукаммалсозии таҷрибаи мутахассисони соҳа, омӯзишу истифодабарии навъи мухталифи яроқу аслиҳа мусоидат мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста