Аз соли хониши ҷорӣ мактабҳои олии Тоҷикистон афсарони эҳтиётиро мутобиқи квотаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тайёр мекунанд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки баъди аз ҷамъомади ҳарбии тобистона гузаштани хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ, ки ба онҳо унвони афсарони эҳтиётии артиши миллӣ дода мешавад, чунин тасмим гирифта шудааст.
«Дар ҷамъомадҳо маълум шуд, ки аз шумори умумии 7 ҳазор хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ аз 10 то 20%-и афсарони оянда аз донишҳои ҳарбӣ хеле дуранд, навъҳои аслиҳаро фарқ ва онҳоро истифода карда ҳам наметавонанд ва аз малакаҳои оддии кори ҳарбӣ бархӯрдор нестанд», - қайд кард Маҳмадалиев.
Ӯ таъкид дошт, ки дар ин робита тасмим гирифта шудааст, ки аз оғози соли хониши ҷорӣ ба кафедрахои ҳарбӣ, ки дар назди панҷ мактаби олии Тоҷикистон амал мекунанд, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ барои омода намудани афсарони эҳтиётӣ квота ҷудо мекунад, ки шумори он аз 200 то 1 ҳазору 200 нафар донишҷӯёнро ташкил хоҳад дод.
«Зимни интихоби донишҷӯён барои таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиа, на танҳо ба давомоти онҳо дар таҳсил, балки ба омодагии ҷисмонӣ ва вазъи солимии онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад», - гуфт ӯ.
Маҳмадалиев таъкид дошт, ки ҷараёни таҳсили афсарони ояндаи эҳтиётӣ дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳти назорати қатъии Вазорати мудофиа қарор мегирад ва дар сурати мунтазам ба дарсҳо ҳозир нашудану азхуд накардани дарсҳо, донишҷӯ метавонад аз таълими ҳарбӣ барканор гардад.
То ин вақт ба ҷуз занону маъюбон, бидуни истисно тамоми донишҷӯёни ин мактабҳои олӣ метавонистанд дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил карда, билети ҳарбӣ ва унвони афсари эҳтиётиро соҳиб шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста