Ҳафтаи равон дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат вобаста ба омодагии сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар самтҳои фаъолият ҷамъомади методӣ-таълимӣ доир гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, қабл аз қисмати асосии машғулиятҳои таълимӣ дар яке аз синфхонаҳои Донишкадаи ҳарбӣ, бо иштироки вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо ҷамъомад баргузор гардид.
Роҳбарияти вазорати дифои кишвар, нахуст вобаста ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ сухан гуфта, аз иштирокчиёни он, оид ба омӯзиши мавзӯҳои дар ҷамъомад пешбинишуда, муносибати ҷиддиро талаб намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба таҳлилу натиҷаҳои даъвати баҳории соли равон ва монеаю мушкилоти ҷойдошта, дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки шумораи ҷавонони сину соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Дар охир бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои дар боло зикргардида, баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, иштирокчиёни ҷамъомад бо супоришҳои мушахаас вазифадор карда шуданд. Инчунин ҷамъомадӣ таълимӣ, бо омӯзиши мавзӯҳои гуногуни соҳавӣ идома ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста