Ба муносибати ҷашни солгарди навбатии таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ин чорабинӣ дар маркази таълимии Гвардияи миллӣ доир гардида, дар он аз иштироки беш аз 4 ҳазор нафар афсарону сарбозон интизорӣ меравад.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ, дар гузашти низомӣ ҳамчунин воҳидҳои ҷудогонаи ВКД, Вазорати мудофиа, нерӯҳои марзбонӣ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ низ ширкат меварзанд.
Қобили зикр аст, ки Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки қаблан Гвардияи президентӣ ном дошт, моҳи сентябри соли 1995 таъсис дода шуд. Моҳи январи соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста