Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфтааст, шахсоне, ки ба гирдиҳамойии ғайриқонунии эътирозӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунанд, ҷинояткороне мебошанд, ки дар пайгарди қонунии байнидавлатӣ қарор доранд. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба Рамазон Раҳимзода хабар медиҳад.
«Онҳо ҷиноятҳои сершуморе содир намуда, ҷомеа аз онҳо пуштибонӣ намекунад», - таъкид доштааст ӯ. Ба гуфтаи вазир, муаллифони даъватҳо, аз ҷумла пешвоёни ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи24», ки дар хориҷи кишвар паноҳгоҳ ёфтаанд, «ният доранд, ки вазъро ноором сохта, дар ҷомеа ҷудоӣ андозанд, яъне барои пулҳои гирифтаашон аз «корфармоҳо»-и хориҷии худ ҷавоб гӯянд».
Раҳимзода қайд кардааст, ки сохторҳои қудратии кишвар вазъро таҳти назорат қарор дода, миёни аҳолӣ тадбирҳои пешгирӣ аз пазируфтани ин даъватҳоро ба роҳ мондаанд. «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, аммо дар ҳама гуна вақт метавонанд пурзӯр карда шаванд», - иброз доштааст ӯ.
Вазир чунин ибрози анеша кардааст, ки мардуми Тоҷикистон, ки аввали солҳои 1990 ҷанги харобиовари панҷсоларо паси сар намуд, дигар шефтаи иғвогариҳои ифротгароёни нав нашуда, ба халалдор кардани сулҳу осоиш ва ваҳдати миллии кишвар роҳ намедиҳад.
«Ҳеҷ коре аз дасташон намеояд, ба ин роҳ намедиҳем, зеро мардуми мо дарси начандон дури низоъи шаҳрвандиро, ки ба ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта ва харобии иқтисод боис гардидаву ҷумҳуриро ба даҳҳо сол аз рушд боздошт, хуб аз бар намуд», - таъкид доштааст Рамазон Раҳимзода.
Дар ҳамин ҳол, тайи моҳи ахир «Гурӯҳи 24» дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар фаъол гардида, аҳолии Тоҷикистонро ба нишони эътироз ба ҳукумати кунунӣ санаи 10-уми октябр ба гирдиҳамойӣ дар майдони марказии «Дӯстӣ» даъват мекунад. Дар ин рӯз сарвари давлати Тоҷикистон дар кори нишасти ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар Минск ҳузур хоҳад дошт.
Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор додааст.
Чанд рӯз қабл Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) ва манъ кардани фаъолияти он аризаи даъвогӣ пешниҳод намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста