То имрӯз дар 6 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барзиёд ба иҷро расид.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, аз ноҳияҳои Дарвозу Мурғоби ВМКБ, ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд ва ноҳияҳои Носири Хусраву Балҷувони вилояти Хатлон аллакай аз иҷрои нақшаи даъват мужда расониданд.
«Дар мавсими даъвати кунунӣ ба вазъи солимии сарбозони оянда ва сатҳи саводнокии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад», - зикр кард Маҳмадлиев.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи фармони президенти кишвар, маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз гардида, 30-юми ноябри соли равон ба итмом мерасад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста