Зимни гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандон дар идораи ҳафтавори «Тоҷикистон» вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бори нахуст аз шумори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия иттилоъ дода, зикр кард, ки тибқи маълумоти ахир, айни замон дар ин даргириҳо Сурия зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони кишвар иштирок дошта, шумори тоҷикистониёни кушташуда 50 нафарро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, феълан нисбати 19 нафар мутобиқи моддаи 187-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, нисбати 12 нафар маълумот ҷамъоварӣ ва барои оғози парвандаи ҷиноӣ ба мақомоти тафтишот ирсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, муфтиёти Тоҷикистон иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар хориҷи кишварро «гуноҳи бузург» номида, ба сулҳу созиш дар дохили кишвар даъват мекунад.
Чанде қабл покуратураи вилояти Суғд дар бораи боздошти 10 нафар сокинони вилояти Суғд, ки нияти иштирок дар даргириҳои Сурияро доштанд, хабар дод. Санаи 26-уми сентябр нахуст 2 нафари онҳо боздошт ва сипас тибқи нишондодҳои боздоштшудагон боқимонда 8 нафари дигар дастгир шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷавононе, ки дар даргириҳои Сурия иштирок доранд, даъват ба амал овард, ки бидуни ҳеҷ ҳаросе аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба ватан баргарданд ва ба ҳаёти осоиштаашон идома диҳанд. Дар қонун пешбинӣ шудааст, ки дар сурати ба Тоҷикистон ихтиёрӣ баргаштану ба ҳукуматдорон таслим шудан, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста