Дар Тоҷикистон шумори ҷиноятҳои марбут ба терроризм дар ҳоли афзоиш аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 12 ҷинояти марбут ба терроризм ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ҳамагӣ се ададро ташкил медод.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, дар ин давра сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон боло рафта, 24 чунин ҷиноят ошкор карда шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 3 адад ба ин монанд ҷиноят ошкор гардида буд.
Бино ба иттилои ВАО, рӯзҳои истироҳат 13 нафар ба гумони омодагӣ ба таркишҳо дар иншооти стратегии кишвар, аз қабили нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон, ки маркази ҷумҳуриро бо минтақаи шимол мепайванданд, боздошт шудаанд.
Муайян карда шудааст, ки аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дар урдӯгоҳҳои Сурия оид ба содир намудани амалҳои террористӣ таълимоти ҳарбӣ гирифтаанд. Ҳамчунин онҳо ният доштаанд, ки аз як қисми ҳарбӣ ва шуъбаи милиса аслиҳа тасарруф намоянд.
Чанде қабл зимни гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандон дар идораи ҳафтавори «Тоҷикистон» вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бори нахуст аз шумори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия иттилоъ дода, зикр кард, ки тибқи маълумоти ахир, айни замон дар ин даргириҳо Сурия зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони кишвар иштирок дошта, шумори тоҷикистониёни кушташуда 50 нафарро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста