Беш аз 90 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар ифротгароиву терроризм мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, имрӯз кормандони мақомоти милисаи вилоят беш аз 90 нафар шахсони гумонбар дар иштироку узвият ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои террористиву ифротгароро, ки фаъолияташон дар қаламрави кишвар манъ аст, ҷустуҷӯ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, тайи 4 соли ахир дар вилояти Суғд зиёда аз 120 нафар афроди гумонбар ба узвият дар гурӯҳҳои террористиу ифротгаро боздошт шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл аз мақомоти прокуратураи вилояти Суғд хабар дода буданд, ки як нафар зан, сокини вилояти Суғд дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон иштирок дорад. Қаблан ҳамчунин дар бораи боздошти 10 нафар сокинони вилоят, ки нияти сафар ба Сурия барои иштирок дар амалиётҳо ҷангиро доштанд, иттилоъ дода шуда буд. Як нафар аз ин боздоштшудагон сокини ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент ва боқимонда 9 нафари дигар сокинони ноҳия Спитамен мебошанд, ки сиинашон аз 20 то 30-соларо ташкил дода, ҳамаашон ӯзбеконанд.
Бино ба маълумоти прокуратураи видлоят, дар зарфи 9 моҳи соли равон нисбати 49 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони узвият дар сафи созмону ҳаракатҳои ифротгаро 29 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 14 парванда нисбати 22 нафар ба судҳо ирсол гардидаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста