- Аз 27-уми октябр то 21-уми ноябри соли равон Тоҷикистону Чин дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромарзии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир амалиёти муштарак баргузор мекунанд, - иттилоъ медиҳад хабаргузории чинии Синхуа.
Маросими расмии оғози амалиёт рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Урумчӣ – маркази маъмурии вилояти Синтзян-Уйғур (минтақаи Шимолу Ғарби Чин) доир гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, амалиёт бо таъсиси қароргоҳи танзими амалҳои муштараки идораи Кумитаи давлатии мубориза бо тиҷорати маводи мухаддири Чин ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ сурат гирифта, дар ин давра ба фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо механизми табодули маълумот ва ҳамоҳангсозии амалҳоро низ роҳандозӣ мекунанд, «то ки як қатор парвандаҳои ҷинояткории фаромарзии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, гурӯҳ ва шабакаҳои ҷинояткориро маҳв ва пешвоёни онҳоро безарар гардонанд».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста