Ҷумъахон Давлатов, намояндаи доимии президент дар парлумон дар робита ба қонуни афви қабулшуда изҳор кард, ки ин қонун 16-умин буда, дар Тоҷикистон то замони қабули қонуни афви ахир 100 ҳазору 214 нафар маҳкумшудагон мавриди афв қарор гирифтаанд.
Бино ба маълумоти намояндаи президент дар Маҷлиси Олӣ, дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ба сурати умум ҳудуди 10 ҳазор нафар маҳкумшудагон нигаҳдорӣ мешаванд. «Дар қонун афви шахсоне, ки таҳти тафтишот қарор доранд, низ пешбинӣ шудааст ва бо назардошти ин, иттилоъ дода шуд, ки қонуни афв нисбати беш аз 10 ҳазор нафар мавриди амал қарор дода мешавад», - гуфт ӯ.
Дар робита ба шарҳи масъалаи имконпазир будани содир шудани амалҳои коррупсионӣ зимни мавриди амал қарор додани ин қонун, Давлатов зикр кард, ки ин дафъа бо супориши президент комиссияи махсусе таъсис дода мешавад, ки иҷрои ин қонунро назорат хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ин комиссия аз рӯи натиҷаҳои фаъолияташ назди президент ҳисобот медиҳад.
Ба саволи журналистон дар бораи шумораи маҳбусони сиёсии дар зиндонҳои Тоҷикистон қарордошта Ҷумъахон Давлатов чунин посух дод:
- Ман намефаҳмам, ки бо истифода аз ин истилоҳ шумо чиро дар назар доред. Мо маҳбусони сиёсӣ надорем. Ҳамаи зиндониён мутобиқи Кодекси ҷиноии кишвар маҳкум шудаанд.
Суҳроб Шарифов, вакили палатаи поёнии парлумон намехоҳад, ки қонуни нав дар бораи афв аз санади мусбату фараҳбахш ба сабаби ашки ғамбор табдил ёбад ва бовар дорад, ки барои коҳиши амалҳои ришвахорӣ дар давраи иҷрои қонуни афв дар якҷоягӣ бо ҳукумат дар ин самт бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, ТҒД ва мақомоти дахлдори дигар низ саҳм гиранд.
«Ҷойи пинҳон кардан нест, ки дар бисёр сохторҳои мо коррупсия реша давонидааст. Чунин амалҳо замони афви пешин низ ба мушоҳида расиданд. Ман бар ин назарам, ки назорати иҷрои қонун аз ҷониби комиссияи махсус, ки дар хусуси он намояндаи президент дар Маҷлиси Олӣ сухан гуфт, бояд ба коҳиши далелҳои коррупсия мусоидат намояд», - афзуд сиёсатмадор.
Ёдрас мекунем, ки дар ин робита прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки мувофиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв, қарор дар бораи афви ҳар як маҳкумшуда ва судшавандаро мақомоти дахлдор ҷудогона баррасӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста