Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳунармандонеро, ки дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсия саҳми босазо гузоштанд, ба ҳузур пазируфта аз номи худ ва аз номи кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ миннатдорӣ баён намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, қайд карда шуд, ки санъаткорон тайи чанд рӯзи охир заҳмати зиёд кашида, меҳнати онҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қадр карда мешавад.
Мавриди қайд аст, ки рӯзи 10 ноябри соли 2014, бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия бо иштироки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи тантанавӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хос ташкил ва гузаронида шуд.
Дар баргузории ин чорабинии муҳим саҳми аҳли ҳунар калон буда, онҳо тавонистанд ба Иди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ обу ранг ва ҷилои тозае дода, аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шаванд.
Бо фармони вазири корҳои дохилӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманду самаранок, дастгирии ҳамаҷониба ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия Асадуллои Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ бо медали Вазорати корҳои дохилии ҶТ «Барои мусоидат» ва дигар намояндагони аҳли ҳунару эҷод бо тӯҳфаи арзишноки «Соати дастӣ» аз номи вазири корҳои дохилии ҶТ ва мукофотпулии аз 500 то 1500 сомонӣ қадронӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ҳунармандон дар навбати худ барои қадрдонӣ ба вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда дар ҷодаи фарҳангу ҳунар баён намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста