Вазорати корҳои хориҷии Яман иттилоъ додааст, ки макони будубошу дар асорат нигоҳ доштани ҳамшираи шафқати тоҷик Гулрухсор Рофиева ва ному насаби одамрабоёнро муайян кардааст. Дар ин бора радиои «Озодӣ» бо истинод ба намояндаи ширкати русиягии «Здравэкспорт» Манучеҳр Абдуев хабар медиҳад.
Абдуев зикр кардааст, ки ҳукуматдорони Яман дар ин бора маълумот дода, итминон додаанд, ки барои озод кардани тоҷикдухтар ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳамтои ямании худ Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ дар робита ба қазияи аз ҷониби гурӯҳи номаълум рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман паёми шахсӣ ирсол намуд.
Ёдрас мекунем, ки Гулрухсор Рофиева субҳи рӯзи 29-уми октябр ҳангоми ба кор рафтан рабуда шуд . Ӯ 13-уми ноябр ба ватан баргаштанӣ буд. Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи сафорати Россия дар Тоҷикистон аз сафорати Россия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор дархости мусоидат кард.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, айни замон дар Яман 200 нафар (бо назардошти аъзои оилаи онҳо) ва дар кишварҳои Халиҷи Форс 15 нафар табибони тоҷик фаъолият доранд. Оид ба фаъолияти табибони тоҷик дар Афғонистон маълумоти саҳеҳ мавҷуд нест, зеро бисёре аз табибони тоҷик ба минтақаҳои наздимарзӣ ба кори мавсимӣ мераванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста