Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшудаи мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазифаҳои басо масъулиятноки мақомоти номбурда, аз ҷумла мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, онҳоро ба баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва беш аз ҳама ба ҷасорату шуҷоат ба ҳангоми иҷрои вазифаҳои пурхатар ва дар айни ҳол пуршараф ҳидоят намуд.
Таъкид гардид, ки садоқат ба халқу Ватан ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ бояд ҳамеша дар ҷойи аввал қарор дошта бошад.
Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардорони чанде аз раёсатҳои дастгоҳи марказии ин вазорат, роҳбарони як зумра сохторҳои минтақавии мақомоти корҳои дохилӣ ва сардорони якчанд раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иваз карда шуданд. Ному насаби кадрҳои нав зикр нашудааст.
Тибқи баъзе маълумот, сардори нави Раёсати ВКД дар ВМКБ Абдулваҳҳоб Искандаров таъин шудааст, ки қаблан ба ҳайси сардори мақомоти милисаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолият дошт.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июли соли ҷорӣ муовини вазири корҳои дохилии ҶТ Абдулло Навҷувонов муваққтан иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ таъин карда шуда буд. Он замон зикр гардида буд, ки Навҷувонов дар вазифаи муовини вазир боқӣ мемонад.
Қабл аз ӯ вазифаи сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ-ро Файзулло Нозимов ишғол мекард, ки пас аз рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ба ин мансаб таъин шуда буд, аммо фаъолияти ӯ дар ин вилоят пурсамар нашуд. Моҳи марти соли равон сокинони ВМКБ талаб карданд, ки барои аз ҷониби кормандони милиса нисбати 7 нафар сокинони ноҳияи Рӯшон кор гирифтан аз зӯровариву лату кӯб, ки яке аз онҳо бо ҷароҳат ба бемористон бистарӣ шуд, Нозимов муҷозот шавад.
Он замон шоҳидон ба «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки дар ин ҳодиса кормандони милиса таҳти раҳбарии Файзулло Нозимов амал карда буданд.
Моҳи майи соли равон баъди муқовимати мусаллаҳона миёни кормандони милиса ва як гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ, ки бар асари он 3 нафар ҳалок ва якчанд тан ҷароҳат бардоштанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб кард, ки «ҷиҳати пешгирии иқдомҳои иғвоангез муваққатан, то рӯшан шудани ҳолатҳои қазия, сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ аз мансабаш барканор шавад».
Пас аз ин Нозимов ба рухсатӣ ҷавоб дода шуда, тибқи баъзе маълумот, дигар ӯ дар қаламрави вилоят пайдо нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста