Аз 27 октябр то 21 ноябри соли 2014 бори нахуст дар қаламрави Тоҷикистону Чин амалиёти муштараки зиддимухаддиротии оперативӣ - пешгирикунанда баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, мақсади асосии баргузории амалиёти муштарак пешгирии қочоқи воситаҳои нашъаовар, ки дар Афғонистон истеҳсол мегардад ва тариқи ҳудуди Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин қатъи хатсайри эҳтимолии воридшавии маводи нашъаовари аз Чин ба Тоҷикистон буд.
Дар амалиёт аз ҷониби Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук иштирок намуданд.
Барои роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои ду давлат, ки дар ин амалиёт иштирок менамуданд, дар шаҳри Урумчии Чин Ситоди ҳамоҳангсозии байналмилалӣ ташкил шуда буд.
Дар асоси Нақшаи тасдиқшуда, фаъолият дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Душанбе, Урумчи ва Қошгар пурқувват карда шуд. Инчунин, дар ин давра фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгарди ду давлат пурқувват карда шуд.
Дар натиҷаи амалиёти гузаронидашуда аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат 34 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар ошкор шуда, 38 нафар ашхосе, ки дар ҷиноёти мухаддиротӣ даст доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Аз муомилоти ғайриқонунӣ 181 кг маводи нашъаовар мусодира шуд, ки аз он героин 22 кг, афюн - 18 кг ва маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис – зиёда аз 140 кг-ро ташкил дод.
Гузаронидани чунин амалиётҳо имконият дод, ки ҳалли масъалаҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳамбастагӣ ҳалли худро ёфта, тақвияти механизми иҷроиши ҳамкориҳои дуҷонибаи зиддимухаддиротии байни мақомотҳои салоҳиятдори Тоҷикистон ва Чин боз ҳам густариш ёбад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста