Ҳашт тан аз сокинони вилояти Суғд, ки дар кишварҳои исломӣ машғули таҳсиланд, ба ватан барнагаштанд.
Мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар кишварҳои исломӣ дар маҷмӯъ 644 нафар сокинони вилоят таҳсил мекарданд ва то имрӯз 636 нафарашон ба ватан баргаштанд.
«Тибқи маълумоти мавҷуда, феълан дар кишварҳои исломӣ 8 тан аз сокинони вилоят боқӣ мондаанд, ки се нафарашон расман дар кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ду тан аз онҳо бидуни иҷозати расмӣ таълим мегиранд ва боз ду нафари дигар бо оилаҳояшон дар Арабистону Саудӣ иқомат дошта, як нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад», - иброз дошт Шарифов.
Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2010 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки «… интизор нашавед, ки фарзандони шумо мулло мешаванд, онҳо ифротаро мешаванд». Пас аз ин огоҳии президент ҷараёни бозгашти ҷавонон аз кишварҳои исломӣ ба ватан оғоз гардида, масъулияти ин кор ба дӯши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шуд.
«Баҳри мусоидат ва таъмини ҷавонони ба ватан баргашта бо ҷойи корӣ ва таҳсил мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем ва ҳамчунин барои бозгашти 8 нафар сокинони боқимондаи вилоят аз кишварҳои исломӣ низ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳем кард», - таъкид дошт Абдуҳаким Шарифов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста