Ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши ғайриқонунии аслиҳа сардори яке аз шуъбачаҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Анваршо Бекназаров ба ҳабс гирифта шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми кофтукови манзили ӯ кормандони милиса 5-адад таппонча, 3-адад милтиқҳои гуногун, 634-адад тирҳои гуногун, 6-адад тирдон, 1-адад найза-корд ва 1-адад дурбинро дарёфт ва мусодира намудаанд.
Гуфта мешавад, нисбати ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратури генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, Анваршо Бекназаров ба ҳабс гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти ВКД ҶТ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёси шаҳри Ваҳдат, тахминан 100 метр дуртар аз роҳи мошингард, дар нишебии дарёчаи кӯҳии шохаҳои дараи Ромит, аз зери решаи дарахти чанори куҳансол пинҳонгоҳи яроқу аслиҳа ошкор гардидааст.
«Аз ин пинҳонгоҳ 6- адад автомати «Калашников» тамғаҳои АКСУ, АКС ва АК-74, 3- адад таппончаи тамғаи «Макаров» қутраш 9 мм, 5- адад тирдонҳо аз автомати тамғаи «Калашников», 2- адад тирдон аз таппончаи тамғаи «Макаров», як адад норинҷаки дастии тамғаи Ф-1, як адад норинҷаки дастии тамғаи РГД-5, ду адад тарконандаҳои (запал) тамғаи УЗРГМ, 4- адад минаҳои зидди пиёдагард, 3- адад минаҳои зидди танкӣ, 449 адад тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд», - омадааст дар иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ.
Зимнан зикр мегардад, ки далели мазкур мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста